Биё, ки фасли баҳор асту муҳтасиб маъзул

Биё, ки фасли баҳор асту муҳтасиб маъзул,
Муоширон ба фароғат ба кори худ машғул.

Биё, биё, ки сафо дар пайи сафост ҳама,
Ҳариф содаву май беғашу қадаҳ масқулБа ҷурми тавба зи мастон хиҷил машав, Ҷомӣ,
Ки пеши аҳли карам ҳаст узрҳо мақбул.
.

Шаробу лаъл зи ҷоми булӯр каш, ки ба ҳам
Ду ҷавҳаранд, яке мунқаид, дигар маҳлул.

Алам ба олами итлоқ зан зи бодаи лаъл,
Машав чу фалсафиён қайди иллату маълул.

Фақеҳу зоҳиду обид на марди ин коранд,
Бибанд дар рухи инон дари хуруҷу духул.

Чу аз фазоили мардони роҳ маҳрумӣ,
Чӣ суд баҳс, ки он фозил асту ин мафзул2.

Ба ҷурми тавба зи мастон хиҷил машав, Ҷомӣ,
Ки пеши аҳли карам ҳаст узрҳо мақбул.


1 Масқул – тоза ва ҷилодор кардашуда.
2 Мафзул – беҳудагӯй.