Биё, ки шоҳиди бустон зи рух ниқоб андохт

Биё, ки шоҳиди бустон зи рух ниқоб андохт,
Насим дар сари зулфи бунафша тоб андохт.

Сабо шамими гулу бӯйи ёри гулрух дод,
Марову мурғи чаманро дар изтироб андохт.

Пайи нисори қудуми гул аз шукуфа насим,
Ба саҳни боғ дирамҳои сими ноб андохт.

Зи шабнами саҳарӣ ғунча бомдоди пагоҳ,
Кушод пераҳан аз ҳам, дар офтоб андохт.

Тавон бар абри хурӯшанда таъна зад ба ҷунун,
Зи санги жола, ки бар шишаи ҳубоб андохт.

Даруни соғари лола чарост мушколуд,
Агар на мушк пайи тиб1 дар шароб андохт.

Чакид нам зи ҳаво ё зи назми тар, Ҷомӣ,
Ба гӯши шоҳиди гул лӯлуи хушоб андохт.


1 Тиб – хушбӯй.