Биҳ аст он ё занах, ё себи ширин?

475

Биҳ аст он ё занах, ё себи ширин?
Лаб аст он ё шакар, ё ҷони ширин?

Буте дорам, ки чини абрувонаш
Ҳикоят мекунад бутхонаи Чин.

Аз он соат, ки дидам гӯшвораш,
Зи чашмонам бияфтодаст Парвин.

Ҳар он вақте, ки дидораш набинам,
Ҷаҳонам тира бошад бар ҷаҳонбин.

Бо хобе орзумандам, валекин
Сари бедӯст чун бошад ба болин?

Аз обу гил чунин сурат кӣ дидаст?
Таоло холиқул-инсона мин тин1.

Ғурури некувон бошад на чандон,
Ҷафо бар ошиқон бошад на чандин.

Ман аз меҳре ки дорам, барнагардам,
Туро гар хотири меҳр асту гар кин.

Нигорино, ба шамшерат чӣ ҳоҷат?
Маро худ мекушад дасти нигорин.

Ба дасти дӯстон-бар кушта будан
Зи дунё рафтане бошад ба тамкин.

Бикуш, то айбгиронам нагӯянд,
Намеояд малах дар чашми шоҳин.

Назар кардан ба хубон дини Саъдист,
Мабод он рӯз, к-ӯ баргардад аз дин!


1 Офарандаи инсон бартар аз гил аст.