Бода диҳ он ёри қадаҳбораро

59

Бода диҳ он ёри қадаҳбораро,
Ёри турушрӯйи шакарпораро!

Мангар он сӯй, бад — ин сӯ кушо
Ғамзаи ғаммозаи хунхораро!

Дасти ту мемолад бечоравор,
Ниҳ ба кафаш чораи бечораро!

Хираву саргаштаву бекор кун
Ин хиради пири ҳамакораро!

Тифли дурӯза чу зи ту бӯ барад,
Мекашад ӯ сӯйи ту гаҳвораро!

Тарк кунад дояву сад ширро,
Ай бадали равған кунҷораро!

Хуб калидӣ дари барбастаро,
Хуб камандӣ дили овораро!

Кори ту ин бошад, ай офтоб,
Нур фиристӣ маҳу истораро!

Мунтазираш бошу чу маҳ нур гир,
Тарк кун ин гангалу наззораро!

Раҳмати ту муҳра диҳад морро,
Хона диҳад ақраби ҷаррораро!

Ёд диҳад кори фаромӯшро,
Бод диҳад хотири сайёраро!

Ҳар бути сангин зи дамаш зинда шуд,
То чи дам аст он бути саҳҳораро?!

Хомуш кун, гуфт аз ин олам аст,
Тарк кун ин олами ғаддораро!