Бода чун беғашу соқӣ чу париваш бошад

Бода чун беғашу соқӣ чу париваш бошад,
Даъвии тавба дар ин вақт чӣ нох(в)аш бошад.

Сифати ҷоми ҷаҳонбин, ки ҳакимон гӯянд,
Рамзе аз ҷоми булӯру майи беғаш бошад.

Муддаӣ гар нахурад май, бигузораш, ки мудом
Хотир аз васвасаи зуҳд мушавваш бошад.

Оташин май ба кафам неҳ, ки ҷуз ин оташ нест,
Ринди майхора, ки муставҷиби1 оташ бошад,

Аз дили айбнамо нақши хату хол бишӯй,
Рӯйи ойина нашояд, ки мунаққаш бошад.

Барҳазар бош дар ин хобгаҳи айш, мабод
Теғҳо таъбияаш дар таҳи мафраш бошад.

Аз сабо бода кашад, дилшуда Ҷомӣ, на зи ҷом
Ринд бояд, ки дар ин шева сабӯкаш бошад.


1 Муставҷиб – лоиқ, сазовор.