Боз гул асбоби маъшуқӣ ба бустон соз кард

Боз гул асбоби маъшуқӣ ба бустон соз кард,
Булбули бедил навои ошиқӣ оғоз кард.

Хуш баромад фоли барги базми ишрат сохтан,
Чун сабо баҳри тафоъул дафтари гул боз кард.

Дар чаман ҳар ғунча розе дошт дар дил сар ба меҳр,
Лутфи боди субҳ моро воқифи он роз кард.

Пойкӯбон гашти гулшан кун, ки баҳри мақдамат
Сабза ҳар ҷой аз ҳарири сабз пойандоз кард.

Аз шукуфа бас, ки шуд шохи дарахт ороста,
Аҳли дилро дар ҳавояш мурғи ҷон парвоз кард.

Сабза барзад аз замин, сар гул намуд аз шох рӯй,
Баски булбул рафтагони боғро овоз кард.

Кард фарши шоҳидон дурроаро1 дар пойи гул,
Зоҳиди худбин, ки айби ринди шоҳид боз кард.

Рӯҳи Ҳофизро сабо з-анфоси Ҷомӣ туҳфа бурд,
Аз Хуросон чун гузар бар хиттаи Шероз кард.

Он сухандон лутфи лафзу диққати маънӣ чу дид,
Офарин бар ҷавдати табъи суханпардоз кард.


1 Дурроа – либоси рӯпӯши сӯфиёну шайхон.