Боз ой, соқиё, ки ҳавохоҳи хидматам

313

Боз ой, соқиё, ки ҳавохоҳи хидматам,
Муштоқи бандагию дуогӯйи давлатам.

З-он ҷо ки файзи ҷоми саодатфурӯғи туст,
Беруншуде намой зи зулмоти ҳайратам.

Ҳарчанд ғарқи баҳри гуноҳам зи сад ҷиҳат,
То ошнои ишқ шудам, з-аҳли раҳматам.

Айбам макун ба риндию бадномӣ, эй ҳаким,
К-ин буд сарнавишт зи девони қисматам.

Май хур, ки ошиқӣ на ба касб асту ихтиёр,
Ин мавҳибат расид зи мероси фитратам.

Ман, к-аз ватан сафар нагузидам ба умри хеш,
Дар ишқи дидани ту ҳавохоҳи ғурбатам.

Дарёву кӯҳ дар раҳу ман хаставу заиф,
Эй Хизри пайхуҷаста, мадад кун ба ҳимматам.

Дурам ба сурат аз дари давлатсарои ту,
Лекин ба ҷону дил зи муқимони ҳазратам.

Ҳофиз ба пеши чашми ту хоҳад супурд ҷон,
Дар ин хаёлам, ар бидиҳад умр муҳлатам.