Боз ою дили танги маро мӯниси ҷон бош

272

Боз ою дили танги маро мӯниси ҷон бош
В-ин сӯхтаро маҳрами асрори ниҳон бош.

З-он бода, ки дар майкадаи ишқ фурӯшанд,
Моро ду-се соғар бидиҳу гӯ, рамазон бош.

Дар хирқа чу оташ задӣ, эй орифи солик,
Ҷаҳде куну сарҳалқаи риндони ҷаҳон бош.

Дилдор, ки гуфто ба туам дил нигарон аст,
Гӯ: Мерасам инак ба саломат, нигарон бош.

Хун шуд дилам аз ҳасрати он лаъли равонбахш,
Эй дурҷи муҳаббат, ба ҳамон муҳру нишон бош.

То дар дилаш аз ғусса ғуборе нанишинад,
Эй сели сиришк, аз ақаби нома равон бош.

Ҳофиз, ки ҳавас мекунадаш ҷоми ҷаҳонбин,
Гӯ: Дар назари Осафи ҷамшедмакон бош!