Боз чашмам дурфишон аз лаъли гавҳарбори кист?

Боз чашмам дурфишон аз лаъли гавҳарбори кист?
Ашки ман з-ин гуна гулгун аз гули рухсори кист?

Зери девори ту ҳар шаб зор нолам то саҳар,
Бар лаби бом о шабе, к-ин нолаҳои зори кист?

Чашм медоранд халқе дидани рӯят ба хоб,
То худ ин давлат насиби дидаи бедори кист?

Ман намегӯям ту кардӣ чокҳо дар ҷони ман,
Ҳар кӣ бинад ҷони ман, донад, ки инҳо кори кист?

Кӯйи ту сад ҷо ба хун оғушта шуд, охир бипурс,
К-ин ҳама аз синаи решу дили афгори кист?

Гаштаам бемор чун чашмат, чӣ бошад, гар гаҳе
Гӯшаи чашм афганӣ сӯям, ки ин бемори кист?

Номи Ҷомӣ тай кун, ай мутриб, Худоро з-ин ғазал,
Тарсам он маҳ нашнавад, гар донад ин гуфтори кист?