Бом барову ҷилва деҳ моҳи тамоми хешро

Бом барову ҷилва деҳ моҳи тамоми хешро,
Матлаи офтоб кун гӯшаи боми хешро.

Бо ҳама мерасад ғамат, қисмати банда ҳам бидеҳ,
Хос ба дигарон макун раҳмати оми хешро.

Пухт зи таф ғами дилам, хом ҳанӯз кори ман,
Пеши ту арза мекунам пухтаву хоми хешро.

Шуд ба ғуломии дарат сарф ҷавониям ҳама,
Баҳри Худо, тафаққуде1 пири ғуломи хешро.

Бар ту салом мекунам, гарчи фуруд ёфтам,
Бо шарафи ҷавоби ту қадри саломи хешро.

Бурд матои ҳастияш зуд ба кишвари адам,
Ҳар кӣ ба дасти ишқи ту дод зимоми2 хешро.

Бар варақе, ки кардаам номи сагон-тро рақам,
Зертарак навиштаам аз ҳама номи хешро.

Бар мани хастадил мазан таъна ба меҳри некӯвон,
Сайди каси дигар махон оҳуи доми хешро.

Ҷомии ташналаб, ки шуд хок зи шавқи лаъли ту,
Бода хуру бар ӯ фишон ҷуръаи ҷоми хешро.


1 Тафаққуд –меҳрбонӣ.
2 Зимом – ихтиёр.