Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут

Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут,
Хонадони нубувваташ гум шуд.
Саги асҳоби Каҳф рӯзе чанд
Пайи некон гирифту мардум шуд.