Бо ту ҳаёту зиндагӣ, бе ту фанову мурдано

11

Бо ту ҳаёту зиндагӣ, бе ту фанову мурдано,
З-он ки ту офтобиву бе ту бувад фасурдано!

Халқ бар ин бисотҳо бар кафи ту чу муҳрае,
Ҳам зи ту моҳ гаштано, ҳам зи ту муҳра бурдано!

Гуфт: «Дамам чӣ медиҳӣ? Дам ба ту ман супурдаам,
Ман зи ту бехабар наям дар дами дам супурдано!».

Пеш ба саҷда мешудам пуштхамида чун шутур
Хандазанон кушод лаб, гуфт: «Дарозгардано!

Бин, ки чи хоҳӣ кардано, бин, ки чӣ хоҳӣ кардано,
Гардан дароз кардаӣ, пунба бихоҳӣ х(в)ардано!».