Бо фироқат чанд созам? Барги танҳоим нест

121

Бо фироқат чанд созам? Барги танҳоим нест,
Дастгоҳи сабру поёби1 шикебоим нест.

Тарсам, аз танҳоӣ аҳволам ба расвоӣ кашад,
Тарси танҳоист, в-арна, бими расвоим нест.

Марди густохе2 наям, то ҷон дар оғӯшат кунам,
Бӯса бар поят диҳам, чун дастболоим нест.

Бар гулат ошуфтаам, бигзор, то дар боғи васл
Зоғбонге мекунам, чун булбуловоим нест.

То мусаввар гашт3 дар чашмам хаёли рӯи дӯст,
Чашми худбинӣ надорам, рӯи худроим нест.

Дарди дурӣ мекашам, гарчи хароб афтодаам,
Бори ҷаврат мебарам, гарчи тавоноим нест.

Табъи ту сер омад аз ман, ҷои дигар дил ниҳод,
Ман киро ҷӯям, ки чун ту табъи ҳарҷоим нест?

Саъдии оташзабонам, дар ғамат сӯзон чу шамъ,
Бо ҳама оташзабонӣ дар ту гироим нест.


1 Тобу тавон.
2 Бебок, бепарво.
3 Нақш баст.