Бо чунин шамшери давлат ту забун монӣ чаро?!

31

Бо чунин шамшери давлат ту забун монӣ чаро?!
Гавҳаре бошиву аз санге фурӯ монӣ чаро?!

Мекашад ҳар каргасе аҷзотро ҳар ҷонибе,
Чун на мурдорӣ ту, балки бози ҷононӣ, чаро?!

Дидаатро чун назар аз дидаи боқӣ расид.
Дидаат шармин шавад аз дидаи фонӣ чаро?!

Он ки ӯро кас ба нася-в нақд настонад ба хок,
Инчунин бешӣ кунад бар нақдаи конӣ чаро?!

Он сияҳҷоне, ки куфр аз ҷони талхаш нанг дошт,
Заҳр резад бар туву ту шаҳди ӣмонӣ, чаро?!

Ту чунин ларзони ӯ бошиву ӯ сояй ту аст,
Охир ӯ нақшест ҷисмониву ту ҷонӣ чаро?!

Ӯ ҳама айби ту гирад, то бипӯшад айби худ,
Ту бар-ӯ аз ғайб ҷон резиву медонӣ, чаро?!

Чун дар ӯ ҳастӣ, бибинӣ, гӯйӣ он ман нестам,
Даъвии ӯ чун набинӣ, гӯйияш онӣ чаро?!

Хашми ёрон фаръ бошад, аслашон ишқи нав аст,
Аз барои хашми фаръӣ аслро ронӣ чаро?!

Шаҳ ба ҳақ чун Шамси Табрезист, сонӣ несташ,
Ноҳақеро асл гӯйӣ, шоҳро сонӣ чаро?!