Бо ҳама меҳру бо манаш кин аст

85

Бо ҳама меҳру бо манаш кин аст,
Чӣ кунам? Ҳаззи бахти1 ман ин аст.

Шояд, эй нафс, то дигар накунӣ
Панҷа бо соъиде, ки симин аст.

Наниҳад пой, то набинад ҷой,
Ҳар киро чашми маслиҳатбин аст.

Масали зиракону чанбари ишқ
Тифли нодону мори рангин аст.

Дардманди фироқ сар наниҳад,
Магар он шаб, ки гӯр болин аст.

Гиря, гӯ, бар ҳалоки ман макунед,
Ки на ин навбати нахустин аст.

Лозим аст эҳтимоли чандин ҷавр,
Ки муҳаббат ҳазорчандин аст.

Гар ҳазорам ҷавоби талх диҳӣ,
Эътиқоди ман он ки ширин аст.

Мард агар шер дар каманд орад,
Чун камандаш гирифт, мискин аст.

Саъдиё, тан ба нестӣ дардеҳ,
Чора бо сахтбозувон ин аст.


1 Саҳми бахт, баҳраи толеъ.