Булбул зи шоҳи сарв ба гулбонги паҳлавӣ

486

Булбул зи шоҳи сарв ба гулбонги паҳлавӣ.
Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.

Яъне, биё, ки оташи Мӯсо намуд гул,
То аз дарахт нуктаи тавҳид бишнавӣ.

Мурғони боғ қофиясанҷанду базлагӯй,
То хоҷа май хурад ба ғазалҳои паҳлавӣ.

Ҷамшед ҷуз ҳикояти ҷом аз ҷаҳон набурд,
Зинҳор дил мабанд бар асбоби дунявӣ.

Ин қиссаи аҷаб шунав аз бахти вожгун,
Моро бикушт ёр ба анфоси исавӣ.

Хуш вақти бӯриёву гадоию хоби амн,
К-ин айш нест дархури авранги хусравӣ.

Чашмат ба ғамза хонаи мардум хароб кард,
Махмурият мабод, ки хуш маст меравӣ.

Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-«Эй нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ!»

Соқӣ магар вазифаи Ҳофиз зиёда дод,
К-ошуфта гашт турраи дастори мавлавӣ.