Буте дорам, ки гирди гул зи сунбул соябон дорад

120

Буте дорам, ки гирди гул зи сунбул соябон дорад,
Баҳори оразаш хатте ба хуни арғавон дорад.

Ғубори хат бипӯшонид хуршеди рухаш, ё Раб,
Бақои ҷовидонаш деҳ, ки ҳусни ҷовидон дорад.

Чу ошиқ мешудам, гуфтам, ки «Бурдам гавҳари мақсуд»,
Надонистам, ки ин дарё чӣ мавҷи хунфишон дорад.

Зи чашмат ҷон нашояд бурд, к-аз ҳар сӯ, ки мебинам,
Камин аз гӯшае кардасту тир андар камон дорад.

Чу доми турра афшонад зи гарди хотири ушшоқ,
Ба ғаммози сабо гӯяд, ки рози мо ниҳон дорад.

Бияфшон ҷуръае бар хоку ҳоли аҳли дил бишнав,
Ки аз Ҷамшеду Кайхусрав фаровон достон дорад.

Чу дар рӯят бихандад гул, машав дар домаш, эй булбул,
Ки бар гул эътимоде нест, гар ҳусни ҷаҳон дорад.

Худоро, доди ман бистон аз ӯ, эй шаҳнаи маҷлис,
Ки май бо дигаре хӯрдасту бо ман сар гарон дорад.

Ба фитрок ар ҳамебандӣ, Худоро, зуд сайдам кун,
Ки офатҳост дар таъхиру толибро зиён дорад.

Зи сарви қадди дилҷӯят макун маҳрум чашмамро,
Бад-ин сарчашмааш биншон, ки хуш обе равон дорад.

Зи хавфи ҳаҷрам эмин кун, агар уммеди он дорӣ,
Ки аз чашми бадандешон Худоят дар амон дорад.

Чӣ узри бахти худ гӯям, ки он айёри шаҳрошӯб
Ба талхӣ кушт Ҳофизрову шаккар дар даҳон дорад.