Бушро, из-ис-саломату ҳаллат бизӣ салам

312

Бушро, из-ис-саломату ҳаллат бизӣ салам,
Лиллоҳи ҳамду муътарифин ғоята-н-ниъам.

Он хушхабар куҷост, ки ин фатҳи мужда дод,
То ҷон фишонамаш чу зару сим дар қадам?

Аз бозгашти шоҳ дар ин турфа манзил аст
Оҳанги хасми ӯ ба саропардаи адам.

Паймоншикан ҳароина гардад шикастаҳол,
Инна-л-ъуҳуда ъинда малик-ин-нуҳо зимам.

Меҷуст аз саҳоби амал раҳмате, вале
Ҷуз дидааш муояна берун надод нам.

Дар Нили ғам фитоду сипеҳраш ба танз гуфт:
Алъона қад надимта ва мо янфаъу-н-надам.

Соқӣ, чу ёри маҳруху аз аҳли роз буд,
Ҳофиз бихӯрд бодаву шайху фақеҳ ҳам.