Васвасаи ошиқӣ

Рӯй ба меҳроб1 ниҳодан чӣ суд,
Дил ба Бухорову бутони2 Тароз3?!
Эзади мо васвасаи ошиқӣ4
Аз ту пазирад, напазирад намоз!

ВАЗН: Сареъи мусаддаси матвии маҳзуф (муфтаилун муфтаилун фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: Тароз, намоз.

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Меҳроб: тоқи даруни масҷид, ки ба тарафи қибла воқеъ аст, ҷойи имом дар вақти намоз.

2. Бут: муҷассамае, ки аз санг ё чӯб ё филиз ё чизи дигар ба шакли инсон ё ҳайвон битарошанд ва онро парастиш кунанд, санам, бағ ва фағ ҳам гуфта шудааст, истиора аз маҳбуба, зеборӯён аст. Дар истилоҳи ирфон бут мазҳари ишқ ва ваҳдат аст.

3. Тароз: номи яке аз шаҳрҳои қадим аст, ки аҳолиаш бо зебоӣ шуҳрат доранд.

4. Васвасаи ошиқӣ: фикру андешаҳои гумроҳкунандаи ошиқӣ.

Маънии қитъа: Рӯй ба меҳроб овардану намоз гузоридан фоида надорад ва ҳаргиз қабул намешавад, агар дил машғули зебочеҳрагони Бухорову Тароз бошад, на ба ёди Парвардгор. Худованди мо шояд васвасаҳои ишқи маҷозиро қабул кунад, аммо яқинан намози бе ҳузури қалб дар пешгоҳи ӯро қабул намекунад.