Вақти гул шуд, базми ишрат бар лаби ҷӯ хуштар аст

Вақти гул шуд, базми ишрат бар лаби ҷӯ хуштар аст,
Ҷоми айш аз дасти гулрӯёни гулбӯ хуштар аст.

Хуш бувад соқӣ, чу некӯрӯю некӯхӯ бувад
В-ар бувад бо ин ҳама хушхону хушгӯ, хуштар аст.

По ба саҳро неҳ, зи бехории нанги боғбон
Сабзаи худраставу гулҳои худрӯ хуштар аст.

Ҳайф бошад сабза зери по сипардан дар самоъ,
Бар сари сабза зи мастон рақси паҳлӯ хуштар аст.

Гӯ: – Мазан аз дур зону, хубрӯ чун май диҳад,
К-аз бутон соқигарӣ зону ба зону хуштар аст.

Хуш бувад тавқи зар, аммо гардани ушшоқро
Тавқи сим аз соиди ҷонону бозу хуштар аст.

Рӯй дар майхона неҳ, Ҷомӣ, ба май кун хирқа ранг,
Мард дар ҳар шевае якрангу якрӯ хуштар аст!