Вақти зарурат чу намонад гурез

Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.

Дар вақти зарурӣ ва тангию ноилоҷӣ, ки инсон барои гурез аз марг ҳеҷ роҳи дигаре наёбад, бо дасташ дами шамшери тезро мегардонад (ва парво намекунад, ки шамшер дасташро пора мекунад).