Ваҳ, ки ман гар боз бинам рӯи ёри хешро

13

Ваҳ, ки ман гар боз бинам рӯи ёри хешро,
То қиёмат шукр гӯям кирдгори хешро.

Ёри борафтодаро дар корвон бигзоштанд,
Бевафо ёрон, ки барбастанд бори хешро.

Мардуми бегонаро хотир нигаҳ доранд халқ,
Дӯстони мо биёзурданд ёри хешро.

Ҳамчунон уммед медорам, ки баъд аз доғи ҳаҷр
Марҳаме дар дил ниҳанд уммедвори хешро.

Рой ройи туст, хоҳӣ, ҷангу хоҳӣ, оштӣ,
Мо қалам дар сар кашидем ихтиёри хешро.

Ҳар киро дар хоки ғурбат пой дар гил монд, монд,
Гӯ, дигар дар хоби хуш бинӣ диёри хешро.

Офият хоҳӣ, назар дар манзари хубон макун,
В-ар кунӣ, бидруд кун хобу қарори хешро.

Габру1 тарсову2 мусулмон ҳар касе дар дини хеш
Қиблае доранду мо зебонигори хешро.

Хоки пояш хостам шуд, боз гуфтам зинҳор,
Ман бар он доман намехоҳам ғубори хешро.

Дӯш ҳурозодае дидам, ки пинҳон аз рақиб
Дар миёни ёварон мегуфт ёри хешро:

Гар муроди хеш хоҳӣ, тарки васли мо бигӯй,
В-ар маро хоҳӣ, раҳо кун ихтиёри хешро.

Дарди дил пӯшида монӣ, то ҷигар пурхун шавад,
Беҳ, ки бо душман намоӣ ҳоли зори хешро.

Гар ҳазорат ғам бувад, бо кас нагӯӣ, зинҳор,
Эй бародар, то набинӣ ғамгусори хешро.

Эй саҳисарви равон, охир, нигоҳе боз кун,
То ба хидмат арза дорам ифтиқори3 хешро.

Дӯстон гӯянд: Саъдӣ, дил чаро додӣ ба ишқ,
То миёни халқ кам кардӣ виқори хешро?

Мо салоҳи хештан дар бенавоӣ дидаем,
Ҳар касе, гӯ, маслиҳат бинанд кори хешро.


1 Зардуштӣ.
2 Масеҳӣ.
3 Фақр, ниёзмандӣ.