Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ

419

Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ,
Худовандо, маро он деҳ, ки он беҳ!

Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам,
Ки рози дӯст аз душман ниҳон беҳ!

Ба доғи бандагӣ мурдан бар ин дар,
Ба ҷони ӯ, ки аз мулки ҷаҳон беҳ!

Худоро, аз табиби ман бипурсед,
Ки, охир, кай шавад ин нотавон беҳ?

Гуле, к-он поймоли сарви мо гашт,
Бувад хокаш зи хуни арғавон беҳ.

Ба хулдам даъват, эй зоҳид, мафармо,
Ки ин себи занах з-он бӯстон беҳ!

Дило, доим гадои кӯйи ӯ бош,
Ба ҳукми он ки давлат ҷовидон беҳ.

Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,
Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ.

Шабе мегуфт: «Чашми кас надидаст
Зи марвориди гӯшам дар ҷаҳон беҳ».

Агарчи Зиндарӯд оби ҳаёт аст,
Вале Шерози мо аз Исфаҳон беҳ.

Сухан андар даҳони дӯст шаккар,
Валекин гуфтаи Ҳофиз аз он беҳ.