Гарам боз омадӣ маҳбуби симандоми сангиндил

345

Гарам боз омадӣ маҳбуби симандоми сангиндил,
Гул аз хорам баровардию хор аз пову по аз гил.

Аё боди саҳаргоҳӣ, к-аз ин шаб рӯз мехоҳӣ,
Аз он хуршеди хиргоҳӣ барафкан домани маҳмил.

Гар ӯ сарпанҷа бикшояд, ки ошиқ мекушам, шояд
Ҳазораш сайд пеш ояд, ба хуни хеш мустаъҷил.

Гурӯҳе ҳамнишини ман, хилофи ақлу дини ман,
Бигиранд остини ман, ки даст аз доманаш бигсил!

Маломатгӯи ошиқро чӣ гӯяд мардуми доно?
Ки ҳоли ғарқа дар дарё надонад хуфта бар соҳил.

Ба хунам гар биёлояд ду дасти нозанин, шояд,
На қатлам хуш ҳамеояд, ки дасту панҷаи қотил.

Агар оқил бувад, донад, ки Маҷнун сабр натвонад,
Шутур ҷое бихобонад, ки Лайлиро бувад манзил.

Зи ақл андешаҳо зояд, ки мардумро бифарсояд,
Гарат осудагӣ бояд, бирав, ошиқ шав, эй оқил.

Маро то пой мепӯяд, тариқи васл меҷӯяд,
Биҳил, то ақл мегӯяд, зиҳӣ, савдои беҳосил!

Аҷоиб нақшҳо бинӣ, хилофи румию чинӣ,
Агар бо дӯст биншинӣ, зи дунё в-охират ғофил.

Дар ин маънӣ сухан бояд, ки ҷуз Саъдӣ наёрояд,
Ки ҳар-ч аз ҷон бурун ояд, нишинад лоҷарам бар дил.