Гарам роҳат расонӣ, в-ар газоӣ

503

Гарам роҳат расонӣ, в-ар газоӣ1,
Муҳаббат бар муҳаббат мефазоӣ.

Ба шамшер аз ту бегона нагардам,
Ки ҳаст аз дер гаҳ боз ошноӣ.

Ҳама мурғон халос аз банд хоҳанд,
Ман аз қайдат намехоҳам раҳоӣ.

Уқубат ҳар-ч аз он душвортар нест,
Бар онам сабр ҳаст, илло ҷудоӣ.

Агар бегонагон ташриф бахшанд,
Ҳанӯз аз дӯстон хуштар гадоӣ.

Манам, ҷонову ҷоне бар лаби шавқ,
Бидеҳ, гар бӯсае дорӣ баҳоӣ.

Касоне айби мо бинанду гӯянд,
Ки рӯҳонӣ надонанд аз ҳавоӣ.

Ҷамеъи порсоён, гӯ, бидонанд,
Ки Саъдӣ тавба кард аз порсоӣ.

Чунон аз хамру замру ною ноқус
Наметарсам, ки аз зуҳди риёӣ.


1 Осебрасонӣ.