Гарам қабул кунӣ, в-ар биронӣ аз бари хеш

341

Гарам қабул кунӣ, в-ар биронӣ аз бари хеш,
Нагардам аз ту, в-агар худ фидо кунам сари хеш.

Ту донӣ, ар бинавозӣ, в-агар бияндозӣ,
Чунон ки бар дилат оят ба рои анвари хеш.

Назар ба ҷониби мо гарчи миннат асту савоб,
Ғуломи хеш ҳамепарварию чокари хеш.

Агар баробари хешам ба ҳукм нагзорӣ,
Хаёли рӯи ту нагзорам аз баробари хеш.

Маро насиҳати бегона манфиат накунад,
Ки розиям, ки қафо бинам аз ситамгари хеш.

Ҳадиси сабри ман аз рӯи ту ҳамон масал аст,
Ки сабри тифли башир1 аз канори модари хеш.

Равост, гар ҳама халқ аз назар бияндозӣ,
Ки ҳеч халқ набинӣ ба ҳусну манзари хеш.

Ба ишқи рӯи ту гуфтам, ки ҷон барафшонам,
Дигар ба шарм дарафтодам аз муҳаққари хеш.

Ту сар ба суҳбати Саъдӣ дароварӣ, ҳайҳот,
Зиҳӣ хаёл, ки ман кардаам мусаввари хеш.

Чӣ бар сар ояд аз ин шавқи ғолибам, донӣ?
Ҳамончи мӯрчаро бар сар ояд аз пари хеш.


1 Ширхор.