Гардан афроштаам бар фалак аз толиъи хеш

339

Гардан афроштаам бар фалак аз толиъи хеш,
К-ин манам бо ту гирифта раҳи саҳро дар пеш.

Умрҳо будаам андар талаби чоракунон,
Солҳо гаштаам аз дасти ту дастонандеш.

Поям имрӯз фурӯ рафт ба ганҷинаи ком,
Комам имрӯз баромад ба муроди дили хеш.

Чун муяссар шудӣ, эй дурри зи дарё бартар?
Чун ба даст омадӣ, эй луқмаи аз ҳавсала беш?

Афсари хоқон в-он гоҳ сари хоколуд,
Хаймаи султон в-он гоҳ фазои дарвеш?!

Саъдӣ ар нӯши висоли ту биёбад, чӣ аҷаб?
Солҳо хурда зи занбури суханҳои ту неш.