Гарм дарову дам мадиҳ, бода биёр, ай санам!

495

Гарм дарову дам мадиҳ, бода биёр, ай санам!
Лобаи банда гӯш кун, гӯш махор, ай санам!

Фавқи фалак макони ту, ҷону равон равони ту,
Ҳил тарабе, ки барканад бехи хумор, ай санам!

Ин ду ҳарифи дилситон бод қарини дӯстон,
Ҷими ҷамоли хуби ту ҷоми иқор, ай санам!

Мурғи дилам алилро, шаҳпари Ҷабраилро,
Ғайри биҳишти рӯйи ту нест матор, ай санам!

Хамри асири рӯҳро нест назир дар ҷаҳон,
Завқи канори дӯстро нест канор, ай санам!

Муъҷизи мӯсавӣ туйӣ, чун суйи баҳри ғам равӣ,
Аз таки баҳр барҷаҳад гарду ғубор, ай санам!

Ҷом пур аз иқор кун, ҷони маро сувор кун,
Зуд пиёдаро бибин, гашт сувор, ай санам!

Маркаби ман чу май бувад, ҳар адамем шай бувад,
Мӯҷиби ҳабс кай бувад воми қимор, ай санам!

Ҳин, ки фузуд шӯри ман, ҳам ту бихон Забури ман,
Кард дили шакури ман тарки шикор, ай санам!