Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад

227

Гарчи бар воизи шаҳр ин сухан осон нашавад,
То риё варзаду солус, мусулмон нашавад.

Риндӣ омӯзу карам кун, ки на чандон ҳунар аст,
Ҳаявоне, ки нанӯшад маю инсон нашавад.

Гавҳари пок бибояд, ки шавад қобили файз
В-арна, ҳар сангу гуҳар луълуву марҷон нашавад.

Исми Аъзам бикунад кори худ, эй дил, хуш бош,
Ки ба талбису ҳиял дев Сулаймон нашавад.

Ишқ меварзаму уммед, ки ин фанни шариф
Чун ҳунарҳои дигар мӯҷиби ҳирмон нашавад.

Дӯш мегуфт, ки фардо бидиҳам коми дилат,
Сабабе соз, Худоё, ки пушаймон нашавад.

Ҳусни хулқе зи Худо металабам хӯйи туро,
То дигар хотири мо аз ту парешон нашавад.

Зарраро то набарад ҳиммати олӣ, Ҳофиз,
Толиби чашмаи хуршеди дурахшон нашавад.