Гарчи мо бандагони подшаҳем

381

Гарчи мо бандагони подшаҳем,
Подшоҳони мулки субҳгаҳем.

Ганҷ дар остину киса тиҳӣ,
Ҷоми гетинамою хоки раҳем.

Ҳушёри ҳузуру масти ғурур,
Баҳри тавҳиду ғарқаи гунаҳем.

Шоҳиди бахт чун карашма кунад,
Мо-ш ойинаи рухи чу маҳем.

Шоҳи бедорбахтро ҳар шаб
Мо нигаҳбони афсару кулаҳем.

Гӯ, ғанимат шумор ҳиммати мо,
Ки ту дар хобу мо ба дидагаҳем.

Шоҳ Мансур воқиф аст, ки мо
Рӯйи ҳиммат ба ҳар куҷо, ки ниҳем,

Душманонро зи хун кафан созем,
Дӯстонро қабои фатҳ диҳем.

Ранги тазвир пеши мо набувад,
Шери сурхему афъии сияҳем.

Воми Ҳофиз бигӯ, ки боз диҳанд,
Кардаӣ эътирофу мо гуваҳем.