Гарчи шотир бувад хурӯс ба ҷанг

Гарчи шотир бувад хурӯс ба ҷанг,
Чӣ занад пеши бози рӯинчанг.
Гурба шер аст дар гирифтани муш,
Лек муш аст дар масофи паланг.

Гарчӣ хурӯс дар ҷангу мубориза (бо хурӯсони дигар) чолок аст, аммо дар баробари боз ё уқобе, ки чанголҳои оҳанин дорад, (хурӯс) ҳеҷ қуввату қудрате надорад ва наметавонад бо боз даъвои баробарӣ занад.

Ва ё гурба, ки дар вақти гирифтани муш чун шер ҷасурона ба он ҳамла мекунад, агар бо паланге рӯ ба рӯ шавад, дар баробари паланг худи гурба чун муш тарсону гурезон аст.