Гар аз ин манзили вайрон ба суйи хона равам

360

Гар аз ин манзили вайрон ба суйи хона равам,
Дигар он ҷо, ки равам, оқилу фарзона равам.

З-ин сафар гар ба саломат ба ватан бозрасам,
Назр кардам, ки ҳам аз роҳ ба майхона равам.

То бигӯям, ки чӣ кашфам шуд аз ин сайру сулук,
Ба дари савмаа бо барбату паймона равам.

Ошноёни раҳи ишқ гарам хун бихуранд,
Нокасам, гар ба шикоят суйи бегона равам.

Баъд аз ин дасти ману зулфи чу занҷири нигор,
Чанду чанд аз пайи коми дили девона равам?!

Гар бибинам хами абрӯйи чу меҳробаш боз,
Саҷдаи шукр кунам в-аз пайи шукрона равам.

Хуррам он дам, ки чу Ҳофиз ба таваллои вазир
Сархуш аз майкада бо дӯст ба кошона равам.