Гар ба хилват дидаме ӯро ба ҷое сер-сер

378

Гар ба хилват дидаме ӯро ба ҷое сер-сер,
Бе рақибаш додаме ман бӯсаҳое сер-сер!

Бас хатоҳо кардаам дуздида, лекин орзуст
Бо лаби турки Хато рӯзе хатое сер-сер!

То яке ишрат бибинад чарх, к-ӯ ҳаргиз надид,
Ишрати кадбонуе бо кадхудое сер-сер!

Як ба як бегонагонро аз миён берун кунед,
То канорам гирад он дам ошное сер-сер!

Дасти ӯ гирам, ба майдон андар оям пойкӯб,
Мезанам з-он даст бо ӯ дасту пое сер-сер!

Ай хушо рӯзе, ки бикшояд қаборо банд-банд,
То кашам ӯро бараҳна, бе қабое сер-сер!

Дар фироқи Шамси Табрезӣ аз он коҳид тан,
То фазояд ҷонҳоро ҷонфизое сер-сер!