Гар гӯямат, ки сарвӣ, сарв инчунин набошад

204

Гар гӯямат, ки сарвӣ, сарв инчунин набошад,
В-ар гӯямат, ки моҳӣ, маҳ бар замин набошад.

Гар дар ҷаҳон бигардӣ, в-офоқ дарнавардӣ,
Сурат бад-ин шигарфӣ дар куфру дин набошад.

Лаъл аст ё лабонат, қанд аст ё даҳонат?
То дар барат нагирам, некам яқин набошад.

Сурат кунанд зебо бар парниёну дебо,
Лекин бар абрувонаш сеҳри мубин1 набошад.

Занбӯр агар миёнаш бошад бад-ин латифӣ,
Ҳаққо, ки дар даҳонаш ин ангубин набошад.

Гар ҳар кӣ дар ҷаҳонро шояд ки хун бирезӣ,
Бо ёри меҳрбонат бояд ки кин набошад.

Гар ҷони нозанинаш дар пой резӣ, эй дил,
Дар кори нозанинон ҷон нозанин набошад.

В-ар з-он ки дигареро бар мо ҳамегузинад,
Гӯ, баргузин, ки моро бар ту гузин набошад.

Саъдӣ ба ҳеч иллат рӯй аз ту барнапечад,
Илло гараш биронӣ, иллат ҷуз ин набошад.


1 Ҷодуи ошкор.