Гар зи дасти зулфи мушкинат хатое рафт, рафт

83

Гар зи дасти зулфи мушкинат хатое рафт, рафт
В-ар зи ҳиндуи шумо бар мо ҷафое рафт, рафт.

Барқи ишқ ар хирмани пашминапӯше сӯхт, сӯхт,
Ҷаври шоҳи комрон гар бар гадое рафт, рафт.

Дар тариқат ранҷиши хотир набошад, май биёр,
Ҳар кудуратро, ки бинӣ, чун сафое рафт, рафт.

Ишқбозиро таҳаммул бояд, эй дил, пой дор,
Гар малоле буд, буду гар хатое рафт, рафт.

Гар диле аз ғамзаи дилдор боре бурд, бурд
В-ар миёни ҷону ҷонон моҷарое рафт, рафт.

Аз суханчинон малолатҳо падид омад, вале
Гар миёни ҳамнишинон носазое рафт, рафт.

Айби Ҳофиз, гӯ, макун, воиз, ки рафт аз хонақоҳ,
Пойи озоде чӣ бандӣ? Гар ба ҷое рафт, рафт.