Гар илтифоти худовандияш биёрояд

Гар илтифоти худовандияш биёрояд,
Нигорхонаи чиниву нақши артангист.

Умед ҳаст, ки рӯи малол дарнакашад,
Аз ин сухан, ки «Гулистон» на ҷои дилтангист.

Алалхусус, ки дебочаи ҳумоюнаш,
Ба номи саъди Абубакр Саъд ибин Зангист.

Агар (шаҳаншоҳи бузургвор) бо лутфи шоҳонаи худ ба ин китоб нигарад (ва боиси боз ҳам ороста гаштани он шавад), хоҳад дид, ки «Гулистон» чун осорхонаи пурнақши чинӣ ва чун китоби рангини Монӣ («Артанг») бисёр дилкашу зебост (ҳам аз диди лутфи сухан ва ҳам аз диди баландии мазмун).

Умед ва боварӣ дорам, ки ҷаноби подшоҳ аз ин китоб хаставу озурдахотир нагардад ва аз он руй натобад, зеро (маълум аст, ки) гулистон ҷои хастагию дилтангӣ набуда, ҷои хушию кушоиши рӯҳ аст (ишора ба китоби «Гулистон», ки саршор аз суханони латифу ширин ва маъниҳои нафису баланд аст ва чун гулистони баҳорӣ табъи хонандаро хуш мегардонад. Ва низ, чун дар хатти форсӣ ҳар ду ҳолат ҳамсон навишта мешавад, баҳси чӣ тавр навистани гулистон ё «Гулистон» пеш намеояд ва ин масъала хоссаи имлои имрӯза бо хатти кириллист.)

Ва хусусан ба хотири он (ҷаноби подшоҳ аз хондани ин китоб хушҳол хоҳад шуд), ки дебочаи зебою хуҷастаи китоб ба номи мубораки Абубакр Саъд ибни Зангӣ зиннат дода шудааст, яъне китоб ба номи ин подшоҳ бахшида шудааст.