Гар касе васфи Ӯ зи ман пурсад

Гар касе васфи Ӯ зи ман пурсад,
Бедил аз бенишон чӣ гӯяд боз?
Ошиқон куштагони маъшуқанд,
Барнаояд зи куштагон овоз.

Агар шахсе дар бораи чӣ гуна будани Худованд ва сифатҳои Ӯ аз ман бипурсад, (ман дар посухи ӯ чизе гуфта наметавонам, зеро) аз як тараф, ман бедилам, яъне дар ишқи Худованд дилу ҷонамро аз даст додаам ва аз тарафи дигар, Худованд низ бечуну бенишон буда, аз ҳар гуна нишона ва сифати ҷисмонӣ поку болотар аст, (яъне, сифатҳои Худованд ба аломату сифатҳое, ки мо тасаввур мекунем, монандӣ надоранд ва дарку шуури инсон қодир ба шинохти айни онҳо нест.)

Ошиқони ҳақиқӣ дар ишқи маъшуқ дилу ҷон бохтаву кушта шудаанд ва тавре маълум аст, аз шахси беҷону ҳалокшуда овозе намебарояд. (Пас касоне, ки бисёр даъвои худошиносию намоиши худопарастӣ доранд, ҳаққо, ки ҳануз ба сатҳи ошиқи воқеӣ ва сӯхта нарасидаанд.)