Гар касе сарв шунидаст, ки рафтаст, ин аст

87

Гар касе сарв шунидаст, ки рафтаст, ин аст,
Ё санавбар, ки буногӯшу бараш симин аст.

На баландист ба сурат, ки ту маълум кунӣ,
Ки баланд аз назари мардуми кӯтаҳбин аст.

Хоб дар аҳди ту дар чашми ман ояд? Ҳайҳот!
Ошиқӣ кори саре нест, ки бар болин аст.

Ҳама ором гирифтанду шаб аз нима гузашт,
В-он чи дар хоб нашуд, чашми ману Парвин аст.

Худ гирифтам, ки назар бар рухи хубон куфр аст,
Ман аз ин бознагардам, ки маро ин дин аст.

Вақти он аст, ки мардум раҳи саҳро гиранд,
Хоса акнун, ки баҳор омаду фарвардин аст.

Чаман имрӯз биҳишт асту ту дармебоӣ1,
То халоиқ ҳама гӯянд, ки ҳурулъин2 аст.

Ҳар чӣ гуфтем дар авсофи камолийяти ӯ,
Ҳамчунон ҳеч нагуфтем, ки садчандин аст.

Он чи сарпанҷаи симини ту бо Саъдӣ кард,
Бо кабӯтар накунад панҷа, ки бо шоҳин аст.

Ман дигар шеър нахоҳам ки нависам, ки магас
Заҳматам медиҳад, азбаски сухан ширин аст.


1 Ту лозим ҳастӣ, ту бояд бошӣ.
2 Зани сияҳчашми биҳиштӣ.