Гар кори дили ошиқ бо кофари Чин афтад

Гар кори дили ошиқ бо кофари Чин афтад,
Беҳ з-он ки ба бадхӯе бераҳм чунин афтад.

Ҷойе, ки бувад тобон хуршед, макун ҷавлон,
Ҳайф аст, к-аз он боло соя ба замин афтад.

Ишқи ту ба меҳру кин ҳарчанд занад қуръа,
Мушкил, ки ба номи ман ҷуз қуръаи кин афтад.

Ҳар ҷо, ки ҷаҳад барқе аз оташи ишқи ту,
Сад дилшударо шуъла дар хирмани дин афтад.

Меҳроби ҳузур омад моро хами абрӯят,
Дар вай зи хатои мо мапсанд, ки чин афтад.

Ҳар лаҳза занам оҳе, бошад, ки аз ин новак
Сайёраи идборам1 аз чархи барин афтад.

Ҷомӣ чу сухан ронад аз лаъли гуҳарборат,
Дар доманаш аз дида дурҳои самин афтад.


1 Идбор – бахтбаргашта, зидди иқбол.