Гар ман аз боғи ту як мева бичинам, чӣ шавад?

228

Гар ман аз боғи ту як мева бичинам, чӣ шавад?
Пеши пое ба чароғи ту бибинам, чӣ шавад?

Ё Раб, андар канафи сояи он сарви баланд
Гар мани сӯхта як дам бинишинам, чӣ шавад?

Охир, эй хотами Ҷамшеди ҳумоюносор,
Гар фитад акси ту бар нақши нигинам, чӣ шавад?

Воизи шаҳр чу меҳри малику шаҳна гузид,
Ман агар меҳри нигоре бигузинам, чӣ шавад.

Ақлам аз хона бадар рафту агар май ин аст,
Дидам аз пеш, ки дар хонаи динам чӣ шавад.

Сарф шуд умри гаронмоя ба маъшуқаву май,
То аз онам чӣ ба пеш ояд, аз инам чӣ шавад?

Хоҷа донист, ки ман ошиқаму ҳеч нагуфт,
Ҳофиз ар низ бидонад, ки чунинам, чӣ шавад?