Гар маро зор ба куштан диҳад он ёри азиз

Гар маро зор ба куштан диҳад он ёри азиз,
То нагӯӣ, ки дар он дам ғами ҷонам бошад.
Гӯям аз бандаи мискин чӣ гунаҳ содир шуд,
К-ӯ дилозурда шуд аз ман, ғами онам бошад.