Гар он мурод шабе дар канори мо бошад

192

Гар он мурод шабе дар канори мо бошад,
Зиҳӣ саодату давлат, ки ёри мо бошад.

Агар ҳазор ғам аст аз ҷаҳониён бар дил,
Ҳамин бас аст, ки ӯ ғамгусори мо бошад.

Ба кунҷи ғоре узлат гузинам аз ҳама халқ,
Гар он латифи ҷаҳон ёри ғори мо бошад.

Аз он тараф напазирад камоли ӯ нуқсон,
В-аз ин ҷиҳат шарафи рӯзгори ман бошад.

Ҷафои пардадаронам тафовуте накунад,
Агар инояти ӯ пардадори мо бошад.

Муроди хотири мо мушкил асту мушкил нест,
Агар муроди худовандгори мо бошад.

Ба ихтиёри қазои замон бибояд сохт,
Ки доим он набувад, к-ихтиёри мо бошад.

В-агар ба дасти нигорини дӯст кушта шавем,
Миёни оламиён ифтихори мо бошад.

Ба ҳеч кор наёям, гарам ту напсандӣ,
В-агар қабул кунӣ, кор кори мо бошад.

Нигорхонаи чинӣ, ки васф мегӯянд,
На мумкин аст, ки мисли нигори мо бошад.

Чунин ғазол1, ки васфаш ҳамеравад, Саъдӣ,
Гумон мабар, ки ба танҳо шикори мо бошад.


1 Оҳу.