Гар оташи дил барзанад, бар муъмину кофар занад

186

Гар оташи дил барзанад, бар муъмину кофар занад,
Сурат ҳама паррон шавад, гар мурғи маънӣ пар занад!

Олам ҳама вайрон шавад, ҷон ғарқаи тӯфон шавад,
Он гавҳаре, к-ӯ об шуд, он об бар гавҳар занад!

Пайдо шавад сирри ниҳон, вайрон шавад нақши ҷаҳон,
Мавҷе барояд ногаҳон, бар гунбади ахзар занад!

Гоҳе қалам коғаз шавад, коғаз гаҳе бех(в)ад шавад,
Ҷон хасми неку бад шавад, ҳар лаҳзае ханҷар занад!

Ҳар ҷон, ки аллоҳӣ шавад, дар хилвати шоҳӣ шавад,
Море бувад, моҳӣ шавад, аз хок бар Кавсар занад!

Аз ҷо суйи беҷо шавад, дар ломакон пайдо шавад,
Ҳар сӯ, ки афтад, баъд аз ин бар мушку бар анбар занад!

Дар фақр дарвешӣ кунад, бар ахтарон пешӣ кунад,
Хоки дараш Хоқон бувад, ҳалқай дараш Санҷар занад!

Аз офтоби муштаъил ҳар дам нидо ояд ба дил:
«Ту шамъи ин сарро биҳил, то боз шамъат сар занад!

Ту хидмати ҷонон кунӣ, сарро чаро пинҳон кунӣ?!
Зар ҳар даме хуштар шавад аз захм, к-он заргар занад!»

Дил бехуд аз бодай азал мегуфт хуш-хуш ин ғазал:
«Гар май фурӯ гирад дамаш, ин дам аз ин хуштар занад!»