Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест

116

Гар сабри дил аз ту ҳасту гар нест,
Ҳам сабр, ки чораи дигар нест.

Эй хоҷа, ба кӯи дилситонон
Зинҳор марав, ки раҳ ба дар нест.

Донанд ҷаҳониён, ки дар ишқ
Андешаи ақл муътабар нест.

Гӯянд, ба ҷонибе дигар рав,
В-аз ҷониби ӯ азизтар нест.

Гирди ҳама бӯстон бигаштам,
Бар ҳеч дарахт аз ин самар нест.

Ман дархури ту чӣ туҳфа орам?
Ҷон асту баҳои як назар нест.

Донӣ, кӣ хабар зи ишқ дорад?
Он, к-аз ҳама оламаш хабар нест.

Саъдӣ, чу умеди васл боқист,
Андешаи ҷону бими сар нест.

Парвона зи ишқ бар хатар буд,
Акнун ки бисӯхташ, хатар нест.