Гар теғ баркашад, ки муҳиббон ҳамезанам

411

Гар теғ баркашад, ки муҳиббон ҳамезанам,
Аввалкасе ки лофи муҳаббат занад, манам.

Гӯянд, пой дор, агарат сар дареғ нест,
Гӯ, сар қабул кун, ки ба пояш дарафканам.

Имкони дида бастанам аз рӯи дӯст нест,
Авлотар он ки гӯши насиҳат баё1 кунам.

Овардаанд суҳбати хубон, ки оташ аст,
Бар ман ба ним ҷав, ки бисӯзанд хирманам.

Ман мурғи зиракам, ки чунонам хуш уфтод,
Дар қайди ӯ, ки ёд наёяд нишеманам.

Дардест дар дилам, ки гар аз пеши оби чашм
Баргирам остин, биравад то ба доманам.

Гар пираҳан бадар кунам аз шахси нотавон,
Бинӣ, ки зери ҷома хаёлест ё танам.

Дарде набударо чӣ тафовут кунад, ки ман
Бечора дард мехураму наъра мезанам.

Бар тахти Ҷам падид наёяд шаби дароз,
Ман донам ин ҳадис, ки дар чоҳи Бежанам.

Гӯянд, Саъдиё, макун, аз ишқ тавба кун,
Мушкил тавонаму натавонам, ки нашканам.


1 Пур, анбошта.