Гар теғ борад дар кӯйи он моҳ

418

Гар теғ борад дар кӯйи он моҳ,
Гардан ниҳодем, ал-ҳукму лиллоҳ.

Ойини тақво мо низ донем,
Лекин чӣ чора бо бахти гумроҳ?

Мо шайху воиз камтар шиносем,
Ё ҷоми бода, ё қисса кӯтоҳ!

Ман ринду ошиқ в-он гоҳ тавба?!
Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ!

Меҳру ту аксе бар мо наафканд,
Ойинарӯё, оҳ аз дилат, оҳ!

Ас-сабру муррун ва-л-умру фонин,
Ё лайла шеърӣ ҳаттома алқоҳ.

Ҳофиз, чӣ нолӣ, гар васл хоҳӣ,
Хун боядат хурд дар гоҳу бегоҳ.