Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё

38

Гар ту удӣ, сӯйи ин миҷмар биё,
В-ар биронандат зи бом, аз дар биё!

Юсуфӣ, аз чоҳу зиндон чора нест,
Сӯйи заҳри қаҳр чун шаккар биё!

Гуфтамат: Аллоҳу Акбар расмӣ аст,
Гар ту они Акбарӣ, акбар биё!

Чун майи аҳмар сагон ҳам мехӯранд,
Гар ту шерӣ, чун майи аҳмар биё!

Зар чӣ ҷӯйӣ? Мисси худро зар бисоз,
Гар набошад зар, ту симинбар биё!

Ағниё хушку фақирон чашмтар,
Ошиқо, бе шакли хушку тар биё!

Гар сифатҳои фалакро маҳрамӣ,
Чун малак бе модаву бе нар биё!

В-ар сифоти дил гирифтӣ дар сафар,
Ҳамчу дил бепо биё, бесар биё!

Чун зи Шамсуддин ҷаҳон пурнур шуд,
Сӯйи Табрез о, дило, бар сар биё!