Гар ҷон талабӣ, фидои ҷонат

151

Гар ҷон талабӣ, фидои ҷонат,
Саҳл аст ҷавоби имтиҳонат.

Савганд ба ҷонат, ар фурӯшам
Як мӯй, ба ҳар кӣ дар ҷаҳонат.

Бо он ки ту меҳри кас надорӣ,
Кас нест, ки нест меҳрбонат.

В-ин сар, ки ту дорӣ, эй ситамкор,
Бас сар биравад бар остонат.

Бас фитна, ки дар замин ба по шуд
Аз рӯи чу моҳи осмонат.

Ман дар ту расам ба ҷаҳд? Ҳайҳот,
К-аз бод сабақ барад инонат.

Бе ёди ту нестам замоне,
То ёд кунам дигар замонат.

Кӯтаҳназарон кунанду ҳайф аст
Ташбеҳ ба сарви бӯстонат.

В-абрӯ ки ту дорӣ, эй паризод,
Дар сайд чӣ ҳоҷати камонат?

Гӯӣ бадани заъифи Саъдӣ
Нақшест гирифта аз миёнат.

Гар воситаи сухан набудӣ,
Дар ваҳм1 наёмадӣ даҳонат.

Ширинтар аз ин сухан набошад,
Илло даҳани шакарфишонат.


1 Гумон.