Гаҳ андар неъмати мағруру ғофил

Гаҳ андар неъмати мағруру ғофил,
Гаҳ андар тангдастӣ хаставу реш.
Чу дар саррову зарро ҳолат ин аст,
Надонам, кай ба ҳақ пардозӣ аз хеш?