Гаҳ бувад, к-аз ҳакими равшанрой

Гаҳ бувад, к-аз ҳакими равшанрой
Барнаёяд дуруст тадбире.
Гоҳ бошад, ки кӯдаке нодон
Ба ғалат бар ҳадаф занад тире.